LIVE

Клопп: Boxing Day —ин ҷинояткорист

Сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп норозигии худро нисбати ҷадвали баргузории Премйер-лигаи Англия дар рӯзҳои маъруф бо номи Boxing Day баён дошт.  

«Баргузор намудани бозӣ дар рӯзи 26-ум ва боз 28-ум ин ҷинояткорист. Ҳарчанд ин хуб нест, вале ҳақиқат аст.  Ҳамаи онҳое, ки мегуянд ин кор дуруст нест, вале аз ҷой барнамехезанд, даркашон мекунам. Барои чӣ бояд дастаҳо аз як бозӣ то дидори навбатӣ 48 соат истироҳат накунанд?. Мусаллам аст, ки мо ҳаргунае, ки мехоҳем, ҳамонгуна ҳарф мезанем, аммо касе аз ин гуфтаҳо хулоса намебарорад. Ҳамасола ин барои мураббиёне, ки дар бозиҳо ширкат мекунанд, як чиз аст. Илми варзишӣ то ба ҳол қудрат ва тавоноии онро надорад, ки ин мушкилотро ҳал кунад, зеро организм барои дубора кор карданаш ба танаффус ниёзи бештар пайдо мекунад.  Мо пурра ин иқдомро инкор мекунем», гуфтааст Клопп. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив