LIVE

Клопп: ба фикрам Симеонеро қуръакашӣ болида насохт

Сармураббии «Ливерпул» - Юрген Клопп таассуроти хешро аз натиҷаи қуръакашии  даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо чунин баён намуд:  
«Қуръакашии ҷолиб, дар ҳақиқат ман дар бораи дастаҳои мадридӣ қаблан низ фикр карда будам ва ҳамин тавр ҳам шуд.  Мо аз ин шаҳр беҳтарин хотираҳо дорем.  Вале ин навбат моро зарур аст, ки дар он шаҳр бо «Атлетико» майдондорӣ намоем. Бозӣ мушкил аст. Чӣ тавре, ки қаблан низ мегуфтам, фикр намекунам, ки ҷаноби Симеоне дар утоқи хеш даву тоз ва шодӣ аз он дорад, ки бо «Ливерпул» рақобат мекунад”, гуфт Клопп. 
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни “Атлетико” ва “Ливерпул” рӯзи 2-юми феврали соли 2020 дар варзишгоҳи «Ванда Метрополитано» баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив