LIVE

Месси: дар бораи бохташон аз «Ливерпул» чӣ гуфт?

Капитани «Барселона» - Лионел Месси ҳамдастагонашро барои фаромуш кардани ду бохти ҳангомавӣ аз «Ливерпул»  ва «Рома» даъват сохт. 

—Ба ростӣ дарди он нокомиҳо дар Лигаи Чемпионҳо то ба ҳол моро азиёят медиҳад. Вале мо бояд ҳамачизро аз нав шуруъ кунем.  Ин мавсими нав ва мусобиқоти ҷадид аст. Дуруст аст, ки он иштибоҳо моро қавитар месозад, вале бояд дар бораи ояндаамон андеша кунем, на гузашта.  Моро зарур аст  воқеаҳое, ки дар мавсими гузашта ва қабл аз он рух додабуданд, фаромуш созем. Иштибоҳ аст, агар мо дар бораи нобарориамон зиёд андешаронӣ намоем, таъкит намудааст Месси. 
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими қаблӣ «Барселона» дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз «Ливерпул» бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст хурд. Як сол қабл бошад, каталониҳо аз    «Рома» бо ҳисоби 4:1 ноком гардидабуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив