LIVE

Клопп: Ҳафтаи оянда “Ливерпул”-и дигарро хоҳед дид

Сармураббии “Ливерпул” Юрген Клопп баъди бохт аз “Наполи” (0:3) оиди омодагии дастааш ҳарф зад. 
“Дар рафти омодагии мо ба мавсим шаш футболбози калидиамон иштирок надоранд. Онҳо ба даста дертар ҳамроҳ мешаванд, ки ин барои мо манфиатовар нест. Ман ваъда медиҳам, ки ҳафтаи оянда “Ливерпул” куллан дастаи дигар мешавад”, - гуфт Юрген Клопп ба хадамоти матбуоти даста.
Ёдовар мешавем, ки “Ливерпул” дар чор бозии охири дӯстонаи худ пирӯзӣ ба даст наоварда, аз “Боруссия Дортмунд”, “Севиля” ва “Наполи” мағлуб гардидааст. Аввалин бозии расмии худро дар мавсими ҷадид “Ливерпул” санаи 4-уми август бо “Манчестер Сити” дар доираи Суперҷоми Англия баргузор мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив