LIVE

Клопп рекорди Моуринюро нашикаст

Дастаи Ливерпул зери роҳбарии Юрген Клопп 100-умин ғалабаи худро дар Премйер Лигаи Англия ба даст овард.  Дар даври 15-уми мусобиқоти мазкур «Ливерпул» дар «Энфилд» бо ҳисоби 5 бар 2 “Эвертон”-ро сарнагун сохт. Ин пирӯзӣ барои мутахассиси олмонӣ 100-умин дар симати сармураббии бошгоҳи «Ливерпул» маҳсуб меёбад. Барои мутахассиси 52 сола 159 бозӣ лозим шуд, то 100-умин муваффақияти хешро соҳиб шавад. Нишондоди  Клопп дуюмин дар Чемпионати Англия маҳсуб мешавад. Дар мақоми аввал Жозе Моуриню қарор дорад.  Мутахассиси португалӣ 100 ғалабаро дар 142 дидор соҳиб шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив