LIVE

Бозгашти Коутинюро ба "Ливерпул" мехоҳед?

Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул” - Юрген Клопп бозгашти собиқ нимҳимоятгари даста Филиппе Коутинюро чунин шаҳр дод:

«Боварӣ дорам, ки Фил метавонад дар дилхоҳ даста дар сатҳи олӣ бозӣ кунад.  Аммо гап дар ин нест. Фил ба ман писанд аст, фикр мекунам, ки ӯ як футболбози фавқулода аст ва трансфераш низ хеле ва хеле гарон аст. Имсол мо барои харидории чунин футболбоз маблағи ҳангуфт надорем. Ин ғайриимкон аст.  Бори дигар мегуям, ки Коутиню дар дилхоҳ даста дар сатҳи олӣ бозӣ мекунад ва ҳатто дар “Ливерпул” низ, аммо ман ҳамеша дар чеҳрааш табассумро орзу мекунам. Муваффақият Коутиню дар “Барселона”. Мо ҳамеша бо Фил дар суҳбатем, аммо ягон бор дар бораи гузаришаш ба “Ливерпул” сухан накардаем» - иқтибос меорад сомонаи ESPN аз суханҳои Клопп.  

Қаблан хабаре паҳн шуда буд, ки “Барселона” омода аст, Коутинюро бо маблағи 150 млн евро фурушад. Дар сурати бозгашти Неймар ба “Барселона” он гоҳ Фил “Барселона”-ро тарк хоҳад кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив