LIVE

Де Йонг: Месси беҳтарин футболбоз дар ҷаҳон

Футболбози зархариди “Барселона” - Френки де Йонг фикру ақидаҳои хешро нисбати Лео Месси, Усмон Дембеле ва инчунин базгашти Неймар байён намуд.
«Барои ман Месси беҳтарин футболбоз дар ҷаҳон аст. Ман ҳанӯз аз овони кӯдакӣ мафтуну шайдои бозии фавқулодаи Месси будам. Дембеле? Ман аллакай бо ӯ тамрин намудам ва ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ӯ низ яке аз беҳтаринҳост. Усмон дорои дриблинги зебо, истеъдоди фавқулода ва таҷрибаи бойи футболбозӣ аст. 
Бозгашти Неймар? Ман то ҳол дар ин бора фикр накардаам ва агар дар бораи бозиаш сухан гӯем ӯ яке аз беҳтаринҳост. Ман аз бозии ӯ ҳаловат мебарам. Ҳаркас чун Неймар қобилияти тӯбронӣ ва гузариш ба осонӣ аз рақибонро надорад. Аллбата ман бозгашти ӯро ба “Барселона” мехоҳам. Ин танҳо орзуи ман нест, балки орзуи кули мухлисони каталониҳо аст», иқтибос меорад сомонаи Mundo Deportivo аз ҷумлаҳои Френки де Йонг.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив