LIVE

ВАО: гузариши Неймар ба "Ювентус" хеле наздик аст

Рӯзҳои охир хабари гузариши Неймар ба “Барселона” тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд паҳн шудаистодааст. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Marca “нилунориҳо” барои харидории Неймар ба “ПСЖ” Ракитич, Коутиню ва 40 млн евро пешниҳод намудаанд, ки соҳибмулкони арабии ин тим аз чунин пешниҳод қаноатман нашуданд. Баъзе аз сарчашмаҳо менависанд, ки гузариши Неймар ба “Барселона” қариб ки ғайримкон аст. Аз ҳамин лиҳоз Неймар ва агенти ӯ падараш ба хулосае омаданд, ки барояш ягон дастаи дигаре пайдо созанд. Падари ҳамлагари мунтахаби Бразилия ва бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса Неймар бо директори бошгоҳи “Ювентус” барои гузариши Неймар ба ин бошгоҳи туринӣ мулоқот намудааст. Натиҷаи мулоқот то ҳол норушан аст. Эҳтимол аст, ки Неймар рӯзҳои наздик ба дастаи “Ювентус” гузариш кунад.

Next Post

Комментарии 1

Киромддин Калонов
Киромддин Калонов от 18 июля 2019 18:20
зур ку барс бгзара

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив