LIVE

Неймар хуш омади ба "Барселона"

Форварди бразилии бошгоҳи «ПСЖ» Неймар ин тобистон дастаашро тарк хоҳад кард. Футболбози 27 сола мехоҳад, ки боз дубора ба ҳайати “Барселона” пайваст шавад. Тибқи маълумотҳо роҳбарияти “нилунориҳо” аллакай бо падари Неймар дар бораи гузариши писараш ба “Барселона” мулоқот намудааст. Каталониҳо низ омода ҳастанд, ки Усмон Дембеле, Иван Ракитич ва 100 млн еврои дигарро барои харидории Неймар ба “ПСЖ” пешниҳод кунанд. Бояд Неймар аввал барои рафтори ғайриварзишиаш, ки ду сол қабл дар “Барселона” анҷом дода буд, узур пурсад ва дар он сурат “Барселона” боз орзуи ӯро амалӣ мекунад. Хотиррасон мекунем, ки соли 2017 Неймар ба таври хунукназарона “Барселона”-ро тарк намуда буд. Дар мавсими гузашта, Неймар дар 28 бозии “ПСЖ” вориди майдон шуда, ба задани 23 гол ва 13 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив