LIVE

Бозгашти Неймар ба “Барселона”

Тибқи иттилои сомонаи расмии L'Equipe президенти бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса Носир Ғоним ал-Хулайфӣ ба хулосае омадааст, ки ҳамлавари бразилии даста Неймарро фурушад. Бо хабаргузории сарчашма, бошгоҳи фаронсавӣ омода аст, ки дар равзанаи хариду фуруши тобистонаи футболбозон Неймарро ба дигар даста равон кунад. “ПСЖ” ин ҳамлавари соҳибномашро аз 222 млн евро кам фурухтанӣ нест. Қаблан худи Неймар низ иқрор шуда буд, ки ӯ дигар бо пероҳани “ПСЖ” ба майдон нахоҳад баромад. Мақсади асосии Неймар бозгашт сӯи ояндаи дурахшон маконе, ки ӯро дар ҷаҳони футбол машҳур сохт, яъне “Барселона” аст. Баъди нокомиҳои пай дар пай роҳбарияти каталониҳо низ нақша доранд, ки ҳарчӣ зудтар Неймарро харидорӣ кунанд. Акнун сар аз мавсими нав мо боз Неймарро бо пероҳанҳои “Барселона” хоҳем дид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив