LIVE

Неймар зиндонӣ мешавад

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Globoesporte ҳамлавари бразилии бошгоҳи “ПСЖ” – Неймар барои расидан  ба иззати нафси духтараки исмаш номаълум аз 1 то 5 соли умрашро дар зиндон сипарӣ намояд. Имрӯз, 3-юми июн мақомоти полис тафтишотро оғоз карда, ситораи бразилӣ ва ҷабрдидаро барои додани гувоҳӣ даъват менамояд. Инчунин телефонҳои ин нафаррон мавриди тафтишот қарор дода мешавад. Сабаби асосии боз кардани парвандаи ҷиноятӣ интишор кардани аксҳои шахсии ин ҷавондухтар аз ҷониби Неймар ба ҳисоб меравад. Дар Бразилия чунин кирдор ҳамчун ҷиноятӣ ва номатлуб дониста мешавад. Қаблан духтаре, ки номаш паҳн нашудааст, роҷеъ ба иззати нафси ӯ расидан аз ҷониби Неймар санаи 15-уми май дар меҳмонхонаи шаҳри Париж ба полиси маҳаллӣ аризаи шикоятӣ навиштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив