LIVE

Тақдири Клопп дар “Ливерпул” муайян шуд

Сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп  қарордоди ҳамкории худро бо тими англисӣ то соли 2024 тамдид намуд. Лар ин бора сомонаи махсуси бошгоҳи мазкур иттилоъ додааст. Бо омодани Клопп ба даста, «Ливерпул» рушду инкишоф ёфта, ба яке аз тимҳои беҳтарини сайёра табдил ёфт. Ҳарчанд дар мавсими гузашта шогирдони ӯ дар Премйер-лига 97 имтиёзи рекордиро соҳиб шуданд, аммо чемпион нагардиданд. Зери роҳбарии мутахассиси олмонӣ “Ливерпул” баъд аз интизориҳои зиёд Лиги чемпионҳоро ба даст овард. Феълан даста дар чемпионати Англия бо 46 имтиёз баъди 16 бозӣ мақоми аввалро ишғол менамояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив