LIVE

Клопп боиси аз кор рафтани Силва шуд

Як рӯз пас аз бохти дастаи "Эвертон" аз шогирдони Юрген Клопп бо ҳисоби 5 бар 2 дар Премйер лига "Эвертон" сармураббии худ - Марку Силваро аз кор ронд. Силва аз моҳи майи соли 2018 то ин дам сармураббии даста буд ва аз 60 бозии анҷомдода, зери роҳбарии ӯ дар 24 дидор ғолиб омадааст. Бозиҳои пайдарҳами бенатиҷа боис барон гардиданд, ки тоқати роҳбарияти "Эвертон" тоқ шуду бо мутахассиси португалӣ шартномаашро қад намуд. Тибқи иттилои манбаъ ҷойгузини Силва, собиқ сармураббии даста - Дэвид Мойес, ки солҳои 2002-2013 дастаро роҳбарӣ намудааст, пешгӯи мешавад. Мавсими гузашта "Эвертон" бо Силва дар мақоми 8-уми Премйер лигаи Англия қарор гирифта буд. Дар мавсими ҷорӣ "Эвертон" аз 15 бозии анҷомдода, дар 9 тои он шикаст хӯрдааст ва феълан бо ба даст овардани 14 имтиёз дар мақоми 18-уми ҷадвали умумӣ қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив