Собиқ ҳамлагари «Ювентус» - Алессандро Дел Пйеро назари хешро дар бораи сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола иброз дошт.
«Дар Италия овозаҳо дар бораи он, ки мураббӣ ва бозигарони зиёд дастаро тарк мекунанд, зиёд аст. Ҳамагон гумон доранд, ки Гвардиола ба Турин меояд.
Дастае нест, ки хоҳиши кор кардан бо Хосепро надошта бошад. Ман низ мехоҳам, ки ӯро дар Италия бубинем. Дар Испания, Олмон ва Англия зафар ёфтааст ва шояд тақдир Пепро сармураббии «Ювентус» созад», гуфтааст: Дел Пйеро.

Ёдовар мешавем, ки «Манчестер Сити» аз ҷониби УЕФА барои пинҳон кардани маблағ аз ҳаққи ширкат дар Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо барои 2 сол маҳрум карда шуд.