LIVE

Пеп чӣ кор бояд кунад?

Дар сурати маҳрумияти тими “Манчестер Сити” аз мусобиқоти аврупоӣ ба муҳлати ду соли оянда, сармураббии он мутахассиси саршиноси испанӣ - Пеп Гвардиола бояд чӣ кор кунад? 
Бархеҳо бар он назаранд, ки мураббие дар сатҳи ӯ ду мавсимро бидуни Лигаи Чемпионҳо гузаронида наметавонад ва дар сурати он, ки “Манчестер Сити” муборизаро ба шикаст дучор кунад ӯ бояд барои худ клуби нав пайдо намояд. 
Хабаре паҳн гардид, ки агар “Манчестер Сити”аз мусобиқаҳои аврупоӣ маҳрум шавад тобистон Пеп низ дастаро тарк мекунад. То лаҳзаҳои охир Гвардиола умед дошт, ки роҳбарияти даста ин мушкилотро ҳал мекунад, аммо кор то ба ин андоза бад шуданашро бовар намекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив