LIVE

Гвардиола аз «Ман Сити» се бозигари нав хост

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола роҳбарияти клубро таҳдид намудааст, ки дар сурати  харидорӣ накардани се футболбоз  дар моҳи январи соли 2020, ӯ  қарордодашро тамдид намекунад ва тарки даста хоҳад кард.  Шартномаи ҳамкории мутахассиси 48 сола бо тими англисӣ то 30-юми июни соли 2021 эътибор дорад.  Пеп мақсад дорад, ки боз се футболбози дигарро дар қисмати муҳофизати марказ, канори майдон ва ҳамчунин дар хати ҳуҷум ба ҳайаташ ҷалб созад. Ҳамчунин агар  Микел Артета ба «Арсенал» гузарад,  дар ҷой ӯ низ як мутахассиси хуб дошта бошад. Мураббии мазкур гуфтааст, ки дар сурати иҷрои талаботҳои мазкур розигии худро дар самти тамдиди қарордод хоҳад  дод. Вагарна пешниҳодҳои муфиди дигар бошгоҳҳоро мавриди санҷиш қарор хоҳад дод. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив