LIVE

“Бавария”-и Мюнхен сармураббии ҳирфавӣ ёфтааст

Нашрияи олмони “Билд” бо сарлавҳаи диққатҷалбкунандае рӯи матбуот баромад. “Бавария”-и Мюнхен талоши баргардонидани Пеп Гвардиола мекунад,нафаре,ки айни ҳол бо “Манчестер Сити” кор мекунад. Аз рӯи маълумоти сарчашма роҳбарони бошгоҳи мюнхенӣ пайваста бо сармураббии Сити дар тамос мебошанд. Дар “Бавария” иддао доранд,ки Пеп дар Сити хушбахт нест ва кушиш мекунанд,ки аз чунин ҳолат истифода баранд. Мо ёдрас мекунем,ки ин испанӣ аллакай чорумин мавсим бошгоҳи англисиро идора мекунад. Чӣ тавре мегуянд ду бор ба як дарё намедароянд ва ба Гвардиола    ҳам чунин мутобиқ аст. Бисёриҳо бозгашти ӯро ба Барселона интизор буданд вале чуниннашуд. Чаро “Бавария” бояд истисно шавад. Умуман аз кадом ҷиҳате дар Мюнхен ҳақ ҳастанд. Пеп аллакай дар Сити тулонӣ кор карду истисно нест,ки ин мавсим метавонад барояш дар ин бошгоҳохирин бошад. Дар ҳоле,ки бошгоҳ бо Пеп дар Лигаи Қаҳрамонҳо ғолибшуда наметавонад ё ки ақаллан то финали он ҳам намерасад. Бемуболиға “Бавария” бо ҷамъи бозингарони боистеъдодаш тими олӣ ҳаст. Аммо бозгашти Пеп ба онҷо ғайрибоварӣ аст. Агар Гвардиола ба ҷое баргардад,ин ба “Барселона” мебошад,аммо аз рӯи адолат ба ин ҳам сахт бовар кардан нашояд. Бештар аз ҳама Пеп роҳи дигар меравад. Масалан чароиқтидори худро дар сабқатҳои Италияву Фаронса имтиҳон накард. Ягон кас бояд,ки ПСЖ-ро ба финали Лигаи Қаҳрамонҳо барорад, Тухел бошад чун олмонии аслӣ ба “Бавария” мерафт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив