LIVE

Хосеп Гвардиола ҷойгузини Лерой Санеро пайдо кардааст

“Бавария”-и Мюнхен то ҳол дар таъқиби Лерой Сане қарор дорад ва сармураббии дастаи олмонӣ Нико Ковач бошад аз он шубҳа ҳам намекунад,ки Лерой  дар фурсатҳои наздик бозингари   дастааш мешавад.  "Роҳбарияти бошгоҳ айни ҳол ба  харидории Сане ба таври ҷиддӣ машғул  аст ва боварӣ дорам,ки мо ӯро ба даст оварда метавонем".
Зикр мекунем,ки пештар “Бавария” кушишҳои харидории Санеро ба харҷ дода буд ва ҳаштод миллион евро ҳам пешниҳод карда буд,ки ҷавоби рад гирифт. Пас аз он Пеп Гвардиола гуфта буд,ки бошгоҳи нияти ҳифз кардани Санеро дорад, аммо бар замми ин илова кард,ки ҳама чиз дар дасти уст.  Агар Лерой  рафтан хоҳад ин интихоби ӯст.  Агар ба расонаҳои хабарӣ дар симои АЕС бовар кард, “шаҳриҳо” аллакай ивазкунандаи ин  бозингарро дар симои нимҳимоятгари “Реал Сосйедад” Микел Ойарсабал ёфтаанд. Бошгоҳи испанӣ бошад аз фурӯхтани футболбози хеш даст кашидааст ва дар сурати муқобил “Сити” бояд,ки 75 миллион евро пардохт намояд. Агар дар мавриди худи Сане ҳарф занем барояш албатта, ки дар ҳайати асосии “Бавария” мақбултар аст назар ба ҷой гирифтан дар курсиҳои эҳтиётии “Сити”. Гуфтан  душвор аст,ки Гвардиола барои олмонӣ мавқеи нав меёбад ва ба гуфте Пеп  мавқеи Леройро дар даста кайҳо муайян кардааст. Магар,ки Ойарсабал  Санеро метавонад иваз кунад?. Ба ҳар ҳол Сане дорои  суръат ва дриблинг аст ва испанӣ бошад бозингари закӣ аст. Гапи дигар он аст,ки магар испанӣ арзиши кулли 75 миллионро дошта бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив