LIVE

«Бавария» бе сармураббӣ монд

Нико Ковач аз курсии сармураббигии бошгоҳи футболи “Бавария” барканор карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи олмонӣ хабар медиҳад. Даста бо ин мутахассис дар ҳоле шартномаро қатъ кард, ки рӯзи шанбе бо роҳбарии  ӯ “Бавария” аз тими “Айнтрахт” бо натиҷаи калони 5:1 дучори шикаст омад. Роҳбарияти дастаи мюнхенӣ ба Нико Ковач комёбиҳо орзу намуда, дар корҳои минбаъдааш бурдбориҳоро таманно намуд. Дар ҳоли ҳозир дар бораи сармураббии нави “Бавария” хабари расмӣ нест ва шояд рӯзҳои наздик исми сармураббии нави олмониҳо эълон карда шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив