LIVE

"Барса" маоши Пикеро барои ба даст овардани Силва сарф карданист

«Барселона» бори дигар ба мавзуи  нимҳимоятгари 28-солаи португалии «Манчестер Сити» Бернарду Силва баргашт. 

Роҳбарияти «Барселона» фикри даъвати Силваро пас аз он ки маълум шуд, ки ҳимоятгари 35-солаи испанӣ Жерар Пике дар охири ҳафта дар ин даста бозии охирини худро мегузаронад, дубора андеша карданд. Клуб интизор дорад, ки пулеро ки дар Пике сарф мекарданд, ҳамакнун метавонанд тибқи шартнома ба Бернарду Силва шароити муносиб пешниҳод кунанд.

Худи «Манчестер Сити» оё розӣ мешавад, ки як бозигари муҳимро раҳо кунад ё не, маълум нест.

Бернарду Силва дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Манчестер Сити” дар тамоми мусобиқаҳо 19 бозӣ анҷом дода, ба задани 2 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ӯ бо «шаҳриҳо» то 30 июни соли 2025 баста шуда, арзиши трансфер 80 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив