LIVE

Силва бо «Манчестер Сити» хайрухуш кард

Ниммуҳофизатгари 34 солаи испанӣ Давид Силва бо «Манчестер Сити», ки аз соли 2010 бозӣ мекард, хайрухуш намуд.
Давид Силва қаблан рафтани худро аз «Манчестер Сити» тасдиқ карда буд. Дар баробари анҷоми мавсими солҳои 2019/20 дастаи англисиро тарк хоҳад кард. «Ман 10 сол аст, ки дар ин даста бозӣ мекунам ва ба дастовардҳои зиёд ноил гаштам.  Рисолати ман ба охир расид ва ин тим ҳамеша дар хотирам нақш хоҳад баст.  Аз ибтидо инҷо муносибати хуб доштанд, вале барои ман ва оилаам   имтиҳони нав оғоз мешавад. Ман ин дастаро ёд мекунам»,- иқрор шудааст Силва.
 Силва тобистони соли 2010 аз «Валенсия»  ба «Манчестер Сити» гузариш карда буд. Маблағи гузариш 28,75 млн евроро ташкил дода буд.  Ниммуҳофизатгари 34 сола бо "Ман Сити" 430 бозӣ гузаронида, ба задани 76 гол ва 139 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив