LIVE

«Реал» дар мавриди гузариши Мбаппе ба мувофиқа расид

«Реал» аллакай розигии Килиан Мбапперо оиди шартҳои қарордоди шахсӣ  соҳиб шудааст. 
Журналист Пако Делгадо дар эфири Cadena SER иттилоъ дод, ки «Реал» оиди шартномаи 5-сола бо Мбаппе бо маоши солонаи 50 миллион евро ба мувофиқа расидааст. Қарордоди корӣ ҳамчунин дорои нархномаи баъдии бозигари фаронсавӣ дар ҳаҷми 1 миллиард евро хоҳад буд. Ин қарордод аз тобистони ҷорӣ то тобистони соли оянда мавриди амал қарор мегирад.
Қайд карда мешавад, ки  «Реал» нақша надорад, ки тобистони имсол Килианро харидорӣ намояд, зеро дар сурати гузариши бепулаш соли оянда 200 миллион евро ба «ПСЖ» ирсол карда намешавад.
Делгадо ҳамчунин дар мавриди ду рӯз дақиқан гуфт – 10-ум ва 26-уми июл. Бино ба маълумотҳои ӯ дар ин рӯзҳо бояд дар мавриди Мбаппе навидҳоро интизор шуд.
«Реал» ҳеҷ вақт намехоҳад арзиши трансфериро ба «ПСЖ» ва маблағ баҳри имзокунии шартнома ба бозигар пардохт намояд.  «Чунин қадар пул вуҷуд надорад, зеро гап сари 200 млн евро барои «ПСЖ» меравад, 50 млн евро чун иловапулӣ барои бозигар ва боз 50 млн евро барои маоши соли аввал. 300 млн евро дар соли аввал – ин ғайриимкон аст», – гуфтааст Делгадо.
Сарчашма — Cadena SER

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив