LIVE

«Манчестер Сити» баҳри харидории ҳамватани Модрич 90 млн евро доданист

«Манчестер Сити» нисбати гузариши дифоъгари «РБ Лейпсиг» Йошко Гвардиол пешниҳоди расмӣ ирсол намуд, иттилоъ медиҳад Sky Sport Germany. Роҳбарияти бошгоҳҳо чанд рӯз пеш гуфтушунидҳоро оиди аризиши гузариш оғоз намуданд.  
Айни ҳол  «шаҳриҳо» омодаи пардохти  90 млн евро  + иловапулиҳо баҳри ин хорватии 21-сола мебошанд
Агар «РБ Лейпсиг» ин пешниҳодро қабул намояд, Гвардиол гаронарзиштарин дифоъгари ҷаҳонӣ мешавад. Айни ҳол чунин дифоъгар Ҳарри Магуайр мебошад, ки  аз барояш «Манчестер Юнайтед»  соли 2019  ба   «Лестер» 87 млн евро ирсол карда буд. 
Ёдрас мекунем, ки «Манчестер Сити» оиди шартҳои шахсии қарордод бо бозигар ба мувофиқа расидааст.
«Лейпсиг» бошад ният дорад, ки аз фурӯши Гвардиол на кам аз  100 млн евро ба даст орад.
Дар мавсими қаблии Бундеслига Гвардиол 30 бозӣ гузаронида, муаллифи як гол шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив