Ҳамлавари «Тоттенҳэм» Ҳарри Кейн итминон дорад, ки дар равзанаи тобистонаи трансферӣ ба «Манчестер Юнайтед» гузариш мекунад. Бошгоҳи лондонӣ мехоҳад аз фурӯши дастпарвари хеш 117 млн евро ба даст орад, иттилоъ медиҳад нашрияи Daily Mail.
Тибқи маълумоти сарчашма ҳамлавари англис итминон дорад, ки агар президенти бошгоҳи «Тоттенҳэм» Дэниэл Леви арзишашро поин кунад, «Ман Юнайтед» ба гуфтушунидҳо бармегардад. Тими лондонӣ мехоҳад, ки баҳри бозигари 29-сола, ки мӯҳлати шартномааш тобистони оянда анҷом меёбад, на кам аз 117 млн евро шомили хазина кунад.
Қайд карда мешавад, ки «Манчестер Юнайтед» айни замон иштиёқаш нисбати ин ҳамлаварро маҳз барои арзиши гаронаш кам кард. «Девони сурх» айни ҳол таваҷҷӯҳашонро ба харидории ҳамлавари «Аталанта» Расмус Хёйлунн намудаанд.
Дар мавсими анҷомёфта Кейн 28 бозӣ дар сафи «Тоттенҳэм» дар Премер-лига гузаронида, 30 голу се ассист дорад.