Бошгоҳи лондонии «Челси» мехоҳад ҳамлавари сенегалии «Вилярреал» Николас Джексонро харидорӣ намояд. Кабудҳо омодаи пардохти 35 млн евро аз барои гузариши ин бозигар ҳастанд, иттилоъ медиҳад Sky Sports.
Хабар дода мешавад, ки гуфтушунидҳои ғайрирасмӣ миёни «Челси» ва «Вилярреал» муваффақ анҷом ёфтанд. Лондониҳо омодаи пардохти 35 млн евро мебошанд, ҳаҷми маблағе, ки дар шартномаи Ҷексон нишон дода шудааст. Ҳамакнун бошад миёни ҷонибҳо оиди тарзи пардохти арзиши гузариш ва дар сурати баромади муваффақ дар тими нав оиди иловапулиҳои эҳтимолӣ гуфтушунидо идома меёбанд.
Ҷексони 21-сола бо «Вилярреал» соли 2019 шартнома имзо карда буд ва дар сафи асосӣ дар умум 47 бозӣ гузаронидааст, ки дар онҳо 13 голу шаш партофти голӣ дорад.
