LIVE

Ковачич ба «Манчестер Сити» гузариш мекунад

Нимҳимоягари «Челси» Матео Ковачич ба сафи  «Манчестер Сити» гузариш анҷом медиҳад. Гузариш ба таври пура мувофиқа шуда, футболбозро зарур аст, ки аз муоинаи тиббӣ гузарад, иттилоъ медиҳад хабаррасони маъруф Фабрисио Романо дар саҳифааш дар «твиттер».
Мутобиқи маълумоти сарчашма шартҳои қарордоди шахсии Ковачич бо «Сити» ҳанӯз ду ҳафта пеш мувофиқ шуда буданд.   Футболбоз мехост, ки айнан ба тими Гвардиола гузариш кунад. «Челси» баҳри нимҳимоягари хорватӣ  30 млн евро ба даст меорад. Боз  5 млн-и дигар дар шакли иловапулиҳо баҳри гирифтани ҷоизаҳо аз ҷониби Ковачич бо «Манчестер Сити» шомили маблағи гузариш мешавад.
Дар мавсими-2022/2023 дар ҳисоби Ковачич 37 бозии дар ҳамаи мусобиқаҳои «Челси» буда, ӯ бо ду голу ду партофти голӣ аз майдон берун шудааст.  Шартномаи нимҳимоягари   29-сола бо тими лондонӣ то соли 2024 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив