LIVE

Бозигари калидии «Барселона» тобистон ба Арабистони Саудӣ меравад

Бошгоҳи номаш ифшонашуда аз чемпионати Арабистони Саудӣ ба ҷониби «Барселона» пешниҳод дар ҳаҷми  80 млн евро аз барои харидории ҳамлавари канории 27-солаи нилунориҳо Рафиня ирсол кардааст. Дар ин бора нашрияи Sport.es хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма роҳбарият ва ситоди мураббиёни бошгоҳи каталонӣ намехоҳанд, ки аз Рафиня ҷудо шаванд, вале медонанд, ки бошгоҳи саудӣ пешниҳоди гаронтар аз арзиши бозигари бразилӣ равон кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Рафиня 27 маротиба дар кулли мусобиқаҳо ба майдон омада, панҷ голу нӯҳ партофти голӣ ба омор гирифтааст. Қарордоди кории бозигар ва бошгоҳ то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз    50 млн евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив