LIVE

«ПСЖ» бар ивази 200 млн евро Ямалро харидорӣ мекунад

«Пари Сен-Жермен» омода аст, ки ба «Барселона»  200 млн евро аз барои ҳамлавари канории 16-солаи нилунориҳо Ламин Ямал пардохт намояд. Дар ин бора Marca хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма абардастаи фаронсавӣ дар симои Ямал извазкунандаи дарозмуддати Килиан Мбапперо мебинад, нафаре, ки бо эҳтимолияти зиёд тобистон «ПСЖ»-ро тарк мекунад ва ба сафи «Реал»-и   Мадрид мепайвандад. Агенти маъруфи футболӣ Жорже Мендеш, ки корҳои Ямалро пеш мебарад, ин ҳафта бо президенти «Барселона» Жоан  Лапорта барои оне вохӯрӣ гузаронид, ки имконияти ин трансферро амалӣ намояд.
Қайд карда мешавад, ки «Барселона» зидди фурӯши  Ямал аст, зеро дар симои ин бозигар онҳо ояндаи бошгоҳро мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки мавсими ҷорӣ Ямал  шаш голу ҳафт партофти голӣ ба ба омор гирифтааст. Қарордоди кории феълии бозигар бо дастааш то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Ямал 60 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив