LIVE

«Барселона» метавонад пешвои «Бавария»-ро бар ивази 80 млн евро харидорӣ кунад

Нимҳимоягари «Бавария» Йозуа Киммих метавонад тими мюнхениро тарк намояд.
Чӣ тавре Todofichajes иттилоъ медиҳад, нисбати ин бозигар «Барселона» иштиёқманд буда, гузариши Киммих метавонад зимистон ё бо анҷоми мавсими ҷорӣ амалӣ шавад. Арзиши иртиботи эҳтимолии трансферӣ  80 млн евро баҳогузорӣ карда мешавад.
Киммихи 28-сола мавсими қаблӣ 47 бозӣ дар сафи  «Бавария» гузаронида, бо ҳафт голу 11 партофти голӣ аз майдон берун шудааст. Шартномаи нимҳимоягари олмонӣ то моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад. Сомонаи  Transfermarkt бозигарро 75 млн евро нархгузорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив