«Манчестер Сити» дар харидории нимҳимоягари «Барселона» Педри иштиёқманд аст.
Чӣ тавре Todofichajes иттилоъ медиҳад, футболбози мазкур ба сармураббии «шаҳриҳо» Хосеп Гвардиола писанд аст. Арзиши гузариши трансферӣ метавонад 100 млн евроро ташкил диҳад. Ба «Барселона» бошад ин иртиботи трансферӣ кумак менамуд то ба вазъи молиявии хеш беҳбуд бахшад.
Педрии 20-сола ба сафи «Барселона» соли 2019 аз «Лас-Палмас» бар ивази 17,5 млн евро гузариш намуда, як мавсим нимҳимоягар дар иҷора дар тими аввалияаш гузаронид. Шартномаи Педри бо «Барселона» то моҳи июни соли 2026 мӯҳлат дошта, сомонаи Transfermarkt бозигари испаниро 100 млн евро нархгузорӣ кардааст.