LIVE

Нимҳимоягари «Реал» метавонад ба «Астон Вилла» гузариш анҷом диҳад

«Астон Вилла» нисбати нимҳимоягари «Реал»-и Мадрид Браим Диас мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора Todofichajes менависад.
Тибқи иттилоъи манбаъ бирмингиҳо фаъолона нисбати футболбози испанӣ тавваҷҷӯҳ карда, метавонанд аллакай зимистон пешниҳоди харидорӣ дар ҳаҷми қариб 20 млн евро намоянд.
Мавсими ҷорӣ Диас дар сафи «Реал» ҳашт бозӣ гузаронида, як гол ба самар расонидааст. Шартномаи Диас бо тими мадридӣ то охири моҳи июни соли 2027 мӯҳлат дошта, арзиши тахминии бозигар ба фарзияи сомонаи Transfermarkt 20 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив