LIVE

Неймар ба «Барселона» бармегардад

Ҳамлавари бразилии «ПСЖ» Неймар метавонад тими фаронсавиро тарк намояд.
Чӣ тавре нашрияи Sport менависад роҳбарияти тими парижӣ ба «Барселона» пешниҳод кардааст то Неймарро ба мӯҳлати як мавсим ба иҷора гиранд. «ПСЖ» ин нақшаи иҷоравиро чун як қисмати гузариши Усмон Дембеле меҳисобад.
Неймари 31-сола дар сафи «Барселона» аз соли 2013 то 2017 баромад карда, гузариши ӯ ба «ПСЖ» гаронтарин иртиботи трансферӣ боқӣ мемонад. Бошгоҳи парижӣ барои ҳамлавари бразилӣ 222 млн евро пардохта буд. Шартомаи Неймар бо «ПСЖ» то моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад. Сомонаи Transfermarkt арзиши ӯро 60 млн евро муқаррар кардааст.
Дар мавсими-2022/2023 Неймар  29 маротиба дар сафи «ПСЖ» ба майдон омада, 18 голу 17 партофти голӣ ба омор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив