LIVE

Президенти «Реал» арзиши гузариши Мбапперо муайян кард

Ҳамлавари «ПСЖ» Килиан Мбаппе метавонад сафи дастаи фаронсавиро тарк намояд ва ба сафи  «Реал»-и Мадрид гузариш кунад.
Чӣ тавре нашрияи L'Équipe хабар медиҳад, президенти «Реал» Флорентино Перес омодаи пардохти то 200 млн евро баҳри ба даст овардани ҳамлавари фаронсавӣ мебошад. 
Ёдрас мекунем, ки гаронарзиштарин гузариши трансферӣ дар таърихи «Реал» харидории футболбози белгиявӣ Эден Азар аст, ки бар ивази 115 млн евро аз «Челси»-и Лондон ба шаҳри Мадрид омада буд.
Пештар маълум гардид, ки Мбаппе нуқтаи ба таври худкор тамдидшавии шартнома бо «ПСЖ» дар мавсими-2024/2025-ро истифода накард. Бо чунин ранг гирифтани кор ҳамлавари фаронсавӣ имкон дорад, ки моҳи июни соли 2024 футболбози озод шавад.
Мбаппе ба сафи «ПСЖ» соли 2018 гузариш намуда, дар мавсими сипаришудаи чемпионати Фаронса  дар 43 бозиҳои тимаш иштирок намуд ва бо 41 голу 10 партофти голӣ аз майдон берун шуд. Футболбози 24-сола беҳтарин нишонзан дар таърихи «ПСЖ» мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив