LIVE

“Барселона” барои харидории Гризманн аз куҷо пул меёбад?

Яке аз пурсарусадотарин гузариш дар таърихи футбол ин гузариши ситораи 120 миллионаи “Атлетико Мадрид” - Антуан Гризманни фаронсавӣ ба “Барселона” мебошад. Овозаҳои гузариши Гризманн ба сафи каталониҳо ҳанӯз аз моҳи январи соли 2018 оғоз шуда буд. Моҳе қабал худи Гризманн ба таври расмӣ эълон намуда буд, ки дар анҷоми мавсим бошгоҳи шаҳри Мадридро тарк мекунад. Баъди тарки Антуан Гризманн кули сомонаҳои варзишии ҷаҳон менавистанд, ки аллакай фаронсавӣ футболбози нави “Барселона” аст, аммо на то ҳол ин гузариш нуқтаи ниҳоии худро пайдо накардааст. Сухани асосӣ дар бораи 120 миллион меравад, ки бояд “Барселона” ин маблағро ба хазинаи “Атлетико” пардохт намуда, гузариши Гризманнро ба таври расмӣ эълон кунад. “Барселона” бояд, ки дар муддати 48 соат Гризманнро харидорӣ кунад вагар на, ӯ ба тамринҳои асосии “Атлетико” пайваст шуда, омодагии хешро ба мавсими нав мебинад. Чӣ тавре, ки сомонаи расмии Marca иттилоъ додаст, “нилунориҳо” барои харидории Гризманн аз бонк 120 млн евро қарз мегирад ва ин корро ба нуқтаи ниҳоӣ мерасонанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив