LIVE

Килиан Мбаппе мавқеи Эден Азарро дар “Реал” танг мекунад

Нимҳимоятгар Эден Азар метавонад “Реал”-ро тарк кунад, агар клуб ҳамлагари “ПСЖ”- Килиан Мбапперо ба даст орад. Ҳарду ҳамлагар дар майдон дар як мавқеъ бозӣ бозӣ мекунанд.  Эден Азар бо сабаби ҷароҳатҳо дар беш аз 40 бозии “Реал Мадрид” ширкат варзида натавонист. Илова бар ин Азар солона 14 миллион евро маош мегирад, ки бо назардошти вазъи бӯҳронии молиявӣ, барои мадридиҳо пардохти маблағ ҳам ба ӯ ва ҳам Мбаппе душвор хоҳад буд. 
“Реал Мадрид” боварӣ дорад, ки гузариши Мбаппе метавонад ба бозии Азар таъсир расонад. Аз ин сабаб, роҳбарияти “Реал Мадрид” тасмим гирифтааст, ки дар сурати омадани Мбаппе, Азарро гусел намояд. 
Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар клуби шаҳри Мадрид дар Ла Лига 8 бозӣ гузаронида, 2 гол зада, 1 партофти головар анҷом додааст. Ҳоло бошад, ӯ ба табобат машғул аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив