LIVE

«Челси» ва «Реал» дар мавриди Эден Азар музокиротро оғоз карданд

Ҳамлагари "Реал" - Эден Азар имкони бозгашт ба "Челси"-ро дорад. 
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи шаҳри Лондон ба бозгардонидани ҳамлагар ба ҳайати худ ҳавасманд аст. Хабар дода мешавад, ки клуб аллакай бо президенти “Реал Мадрид” - Флорентино Перес оид ба гузариши эҳтимолии ҳамлагари белгиягӣ музокиротро оғоз кардааст.
Азар тобистони соли 2019 ба маблағи 115 миллион евро ба “Реал” гузариш карда буд. Пеш аз ин ӯ дар “Челси” ва “Лилл” бозӣ кардааст. "Реал" а Эден Азар то соли 2024 қарордод ба имзо расонидаанд. 
Дар мавсими ҷории чемпионати Испания Азар дар 7 бозӣ иштирок карда, 1 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив