LIVE

Азар пирӯзии “Челси”-ро бо собиқ ҳамдастагонаш ҷашн гирифтааст

Ҳамлагари “Реал” - Эден Азар пас аз анҷоми бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бар зидди “Челси” (0-2) бо футболбозони дастаи собиқи худ сӯҳбати гарму ҷӯшон оростааст. Новобаста аз он, ки дастаи ӯ ноком шуд, аммо дар чеҳраи ин бозигари “Реал” эҳсоси шикастхӯрӣ дида намешуд. 
Ҳамлагари белгиягӣ бо ҳамкасбони собиқи худ табассукорона суҳбат кардааст, ки хандаву шӯхиҳои кардааш дар наворҳо сабт шуда, ин лаҳза тавассути телевизион пахш карда шуд.
Эден Азар тобистони соли 2019 аз “Челси” ба Мадрид рафт. Маблағи гузариш беш аз 100 миллион евро маҳсуб мешуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив