LIVE

“Челси” аз ҳисоби Азар то ҳол пул кор мекунад

“Челси” гирифтани маблағ аз “Реал Мадрид”-ро идома медиҳад. Сухан дар бораи пардохтҳои мукофотпулӣ барои гузариши Эден Азар меравад. Қайд карда мешавад, ки дар охири мавсими гузашта “Челси” аз “Реал Мадрид” 20 миллион фунт стерлинг маблағ гирифта буд. Клуби шаҳри Мадрид дар Ла Лига ғолиб омад ва ба Лигаи қаҳрамонҳо роҳхат гирифт, аз ин рӯ, бошгоҳи шоҳона бояд ин маблағро тибқи шартнома пардохт мекард, новобаста аз он, ки Азар саҳми худро дар қаҳрамонии “Реал” нагузошта буд, зеро пайваста ба табобат машғул буда, ҳамагӣ ду гол задааст.  Агар имсол низ мадридиҳо ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳхат гиранд, он вақт "Челси" боз маблағи муайян аз "Реал" хоҳад гирифт.  
Баъд аз табобат ин футболбоз сиҳат шудааст ва дар назар аст, ки шоми имрӯз бар муқобили дастаи собиқи хеш ба майдон мебарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив