LIVE

Азар Зиданро ҳайрон кард

Футболбозони «Реал» рӯзи 8-уми май бори аввал баъд аз манъи Чемпионати Испания бо сабаби  хуруҷи коронавирус дар қароргоҳи тамринии бошгоҳ ҷамъ омада, аз ташхиси тиббӣ гузаштанд. 
Сармураббии  «Реал» - Зинедин Зидан аз ҳолати ҷисмонии футболбози белгиягии худ - Эден Азар, ки ӯ низ аз ташхис гузашт, ангушти ҳайрат газид.  Бозигар аз сабаби дӯст доштани хӯрокҳои тезтайёр (фастфуд) ҳамеша мушкилоти вазни зиёдатӣ дошт, аммо ин навбат ниммуҳофизатгар лоғар шудааст ва ягон грамм вазни зиёдатӣ надорад. 
Эден Азар ба «Реал» аз «Челси» соли 2019 гузариш анҷом дода буд. Азар  дар «Реал» 10 бозӣ гузаронид ва як гол зад.  5 март мавсуф  аз зонуяш лат бардошта, ҷарроҳӣ шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив