LIVE

Азар боз лат бардошт

Ҳамлагари клуби «Реал» - Эден Азар баъд аз табобати тӯлонӣ дар даври 25-уми Чемпионати Испания бар муқобили «Леванте» (0:1) ба майдон баромада, вале то охир бозӣ карда натавонист. 
Азар дар қисми дуюми рақобат ҷароҳат бардошту дар дақиқаи 67-уми бозӣ майдонро тарк намуд. Футболбози белгиягиро форварди бразилӣ - Винисиус Жуниор иваз кард. 
Ин 10-умин бозии Эден дар чемпионати Испания маҳсуб мешуд, зеро футболбози 29-сола аз моҳи ноябр то ин замон ба табобат машғул буда, ба майдон набаромадааст. 
Ҷароҳати навбатӣ иштироки Эден Азарро дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бар муқобили «Манчестер Сити» зери суол мебарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив