LIVE

Мавсими мушкили Азар дар “Реал”

Хабаргузории Marca иттилоъ медиҳад, ки барқароршавии вазъи саломатии футболбози белгиягии бошгоҳи “Реал” - Эден Азар тулонитар гаштааст ва  ин футболбози хати ҳуҷум на моҳи январ балки моҳи феврал имкони дубора ба майдон баромаданро пайдо мекунад. Азар охирҳои моҳи ноябр дар рақобати Лигаи Чемпионҳо бар муқобили "ПСЖ"(2:2) лат бардошт ва ин футболбози хати ҳуҷум эл класикоро аз даст дод. Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҷароҳат дар мушакҳои пой рости ӯ ҷағиш ба миён омадааст, ки муҳлати зиёдтарро барои барқароркунӣ талаб мекунад.  Хулас Эден Азар дар бозӣ барои Суперҷоми Испания, ки баргузориаш рӯзҳои аввали моҳи январ дар назар аст, ширкат варзида наметавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив