LIVE

🔥Азар ба "Реал" кумак карда наметавонад...

Нимҳимоятгари белгиягии «Реал Мадрид» – Эден Азар дар давоми моҳи оянда ба дастааш кумак расонида наметавонад, хабар медиҳад сомонаи расмии ин бошгоҳ.

Ташхиси тиббӣ дар пои рости бозингар микротарқишро муайян кардааст.

Тахмин карда мешавад, ки Эден на кам аз як моҳ ба майдон баромада наметавонад.  Санаи дақиқтари барқароршавӣ пас аз чанд муддат маълум хоҳад шуд.

  • Ҷароҳаташро дар бозӣ бо ПСЖ дар Лигаи Чемпионҳо (2-2) пас аз бархӯрд бо ҳамватанаш - Томас Менйе бардоштааст. 
  • Дар давоми моҳ «дастаи шоҳона» бо Эспанйол, Валенсия, Барселона ва Хетафе дар Ла Лига, бо Брюгге – дар Лигаи Чемпионҳо ва бо Валенсия дар даври нимниҳоии Суперҷоми Испания рӯ ба рӯ мешавад.
  • Азар дар 13 бозии дастааш ба майдон баромада, муаллифи 1 гол ва 13 партофти головар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив