LIVE

"Ливерпул" бидуни Фабино монд

Ниммуҳофизатгари "Ливерпул" Фабино зиёда аз як моҳ ба майдон баромада наметавонад. 
Футболбози бразилӣ дар бозӣ бо "Наполи" дар Лигаи чемпионҳо ҷароҳат бардошта, майдонро тарк кард. Тибқи маълумоти охирини ба даст омада, Фабино дар 10 дидори ояндаи "Ливерпул" иштирок карда наметавонад. 
Моҳи декабр "Ливерпул" дар даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар сафар бо "Залтсбург" бозӣ карда, панҷ дидори дигарро дар Премйер-лига доир мекунад. Ҳамчунин дастпарварони Клопп дар Ҷоми ҷаҳон миёни бошгоҳҳо низ бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив