LIVE

«Челси» Эден Азарро бозпас мегирад

«Челси» дар андешаи боз пас гирифтани  Эден Азар аст. Футболбоз аз  соли 2012 то 2019 дар ҳайати дастаи лондонӣ баромад мекард. Тибқи иттилои ABC.es “Реал Мадрид“ аз рафтори ӯ пас аз бозии нимфиналии Лигаи қаҳрамонҳо бо “Челси” дилсард шудааст. Азар бо футболбозони дастаи пешинаш гарму самимӣ сӯҳбат кард. Ӯ бо бозигарони “Челси” хандид ва шӯхӣ кард. Лондониҳо имкони бозгашти Азарро ба клуб баррасӣ мекунанд. Маблағи гузариш метавонад 50 миллион евроро ташкил диҳад, ки “Реал Мадрид” барои ӯ талаб кардааст.
Дар мавсими солҳои 2020/21 Азар дар ҳамаи мусобиқаҳо 19 бозӣ гузаронида, муваффақ шуд, ки се гол занад. Эден Азар моҳи июли соли 2019 ба маблағи 115 миллион евро ба “Реал Мадрид” гузашта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив