LIVE

Бербатов: “Реал” бояд Азарро фурӯшад

Собиқ футболбози "Манчестер Юнайтед" - Димитар Бербатов дар бораи вазъи ҳамлагари “Реал Мадри” - Эден Азар, ки бори 10-ум ҷароҳат бардошт, андешаҳои худро иброз дошт.
Вақти он расидааст, ки “Реал” нақшаи фурӯши Азарро кашад. Вай аз рӯзи омадан ба даста зуд зуд осеб мебардорад ва аз ин сабаб наметавонад ҳунари аҷиби дар “Челси” нишон додаашро такрор кунад.
Оё Азар метавонад ба шакли беҳтар баргардад ва исбот кунад, ки "Реал" ба ӯ ин қадар маблағро дуруст сармоягузорӣ кардааст?. Вай танҳо 30-сол дорад ва ҳоло ҳам вақт барои нишон додани ҳунари волоро дорад. Ин суол калидист, вале дар айни замон ба ин посух додан ғайри имкон аст. Эден ҳанӯз чизе нишон надодааст ва агар ӯ тобистон биравад, ҳайратовар нахоҳад буд ", гуфтааст Бербатов.
Азар тобистони соли 2019 аз “Челси” ба “Реал Мадрид” гузашт. Маблағи ин трансфер беш аз 100 миллион евроро ташкил додааст.Ин мавсим футболбози 30-сола танҳо дар 8 бозии ширкат варзида, 2 гол зада, 1 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив