LIVE

"Реал" талабгорони Азарро ба гуфтушунид даъват мекунад

Ҳамлавари белгиягии дастаи “Реал Мадрид” Эден Азар шояд дар равзанаи трансферии тобистона дастаро тарк кунад. Дастаи шоҳона футболбози 30-солаи худро пеш аз мавсим ба трансфер гузоштааст. “Реал Мадрид” дар бозии ҷавобии нимфинали Лигаи Чемпионҳо аз “Челси”, ки қаблан Азар дар ҳайати он бозӣ карда буд, мағлуб шуд (0:2) ва аз мусобиқа хориҷ шуд. Пас аз ба охир расидани вохӯрӣ, Эден бо собиқ ҳамдастаҳои худ бо табъи болида сӯҳбат кард, ки ин манзара мухлисони "бошгоҳои шоҳона"-ро ба ғазаб овард. Ёдовар мешавем, ки Азар тобистони соли 2019 бо арзиши 100 миллион евро ба “Реал” гузариш намуда буд. Мухлисони даста аз роҳбарияти "Реал" талаб доранд, ки дар мавсими оянда ӯро дар ҳайат дидан намехоҳанд ва ҳарчи тезтар Азарро ба фурӯш гузоранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив