LIVE

Неймар бо вуҷуди як шарт аз «ПСЖ» намеравад

Агар, ки сармураббии нави дастаи парижӣ собиқ мураббии «Барселона» ва мунтахаби Испания Луис Энрике таъин гардад, ҳамлавари  бразилии «ПСЖ» Неймар дар равзанаи тобистонаи трансферӣ дастаашро тарк намекунад,. Дар ин бора L'Equipe мерасонад.
Аз рӯи маълумоти сарчашма баъди расидани хабар оиди таъинкунии эҳтимолии Энрике ба вазифаи мураббигии тими парижӣ Неймар хоҳиши рафтан аз «ПСЖ»-ро як тараф гузоштааст ва қарор кардааст, ки дар Париж бимонад. Ҳамлавари бразилӣ муносибатҳои хубе бо мураббии испанӣ дорад.
Пештар хабар дода мешуд, ки бо имзокунии шартномаи корӣ ба мӯҳлати ду сол ва имкони тамдидкунӣ ба як соли дигар Энрике фурсатҳои наздик сармураббии «ПСЖ» мешавад. Таҳти роҳбарии ин мураббии испанӣ Неймар аллакай шарафи «Барселона»-ро ҳимоя карда буд. Тибқи овозаҳо дар харидории бозигари бразилӣ чандин тимҳои англисӣ иштиёқманд мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив