LIVE

«Ливерпул» дар талоши харидории нимҳимоягари «Флуминенсе» Андре

Нимҳимоягари «Флуминенсе» Андре метавонад ба сафи «Ливерпул» гузариш анҷом диҳад. Дар ин бора Football Insider иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма роҳбарони  мерсисайдиҳо иртиботи эҳтимолиро дар равзанаи зимистонаи трансферӣ баррасӣ мекунанд. Қайд карда мешавад, ки бошгоҳҳо аллакай оиди гузариши нимҳимоягари ҷавон тобистони қаблӣ иртибот анҷом дода буданд, вале роҳбарияти «Флуминенсе» аз бозигари хеш ҷудо шуданӣ нахост. «Ливерпул» талошҳои харидории нимҳимоягари бразилиро идома медиҳад.
Мавсими ҷорӣ Андре дар сафи «Флуминенсе» 36 бозӣ гузаронида, як гол ҳам задааст. Шартномаи бозигар бо тими феълияш то моҳи декабри соли  2026 мӯҳлат дорад. Арзиши эҳтимолии футболбоз ба қавли сомонаи  Transfermarkt  15 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив