LIVE

«Реал» дар талоши харидории бозигари «Жирона»

«Реал»-и Мадрид нимаи ҳуқуқ ба дифоъгари «Жирона» Мигеля Гутйерресро бо вуҷуди он шартҳое ҳифз кард, ки тобистони оянда «лос-бланкос» метавонанд футболбозро бар ивази 8 млн евро харидорӣ намоянд, иттилоъ медиҳад журналист Маттео Моретто дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter).
Қарордоди феълии Гутйеррес бо «Жирона» то соли 2027 мӯҳлат дошта, тибқи шартнома арзиши бозигар 35 млн евро мебошад. Ба иттилоъи сарчашма, нисбати Мигел  тими лондонии «Арсенал» ва тими мюнхении «Бавария» таваҷҷӯҳ доранд.
Дифоъгари 22-сола дар системаи мадридӣ аз соли 2011 баромад карда, дар сафи тими асосии «Реал» Гутйеррес даҳ вохӯрӣ гузаронидааст. Тобистони соли 2022 «Жирона» бозигарро бар ивази  4 млн евро харидорӣ намуда буд. Мавсими ҷорӣ бозигари испанӣ   дар 17 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, як голу ду партофти голӣ ба омор гирифтааст. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбозро  15 млн евро баҳогузорӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив