LIVE

Ҳамлавари украинии «Жирона» Артём Довбик метавонад ба «Интер» гузарад

«Оне, ки Довбик дар рӯйхати «Интер» аст – ман дақиқан медонам. Онҳо имконияти имзокунии шартнома бо ӯро тобистони оянда баррасӣ мекунанд – ман низ чунин иттилоъ дорам. Барои  Довбик  низ ин намоиш аст. «Жирона» – бошгоҳест, ки футболбозонро зиёд нигоҳ намедорад. Онҳо бозигаронро мефурӯшанд ва бо ҳамин зиндагӣ доранд», – иқтибос меорад ua.tribuna.com бо такя ба суханони журналист Виктор Васко.
Ёдовар мешавем, ки Довбик ба сафи «Жирона» тобистони соли 2023 гузариш намуда, мӯҳлати қарордодии ӯ бо бошгоҳ то соли 2028 аст. Мавсими ҷорӣ футболбоз дар 16 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, ҳашт голу шаш партофти голӣ ба омор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив